Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

навшуда

4 миллион сомонӣ – ҳуҷҷати нав барои овардани бензин дар Тоҷикистон  

​Аз якуми январи имсол ширкатҳои воридкунандаи бензин барои овардани ин навъи сӯзишворӣ бояд аз идораи "Тоҷикстандарт" шаҳодатнома бигиранд.

Сӯҳроб Ашӯрзода, намояндаи "Тоҷикстандарт", рӯзи 5-уми феврал гуфт, нархи шаҳодатнома зиёда аз 4 миллион сомонӣ (60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешбинӣ шудааст.

Вай афзуд, ин пул ба буҷети давлат ворид мешавад: "60 ҳазор нишондиҳанда, ки пардохт мешавад, барои дастгирии буҷети давлатӣ аст."

Соҳибкорон дар гузашта як далели афзудани нархи маҳсулоти воридотиро ба бештар шудани харҷҳояшон вобаста медонистанд. Хабарнигорон низ ҳамин масъаларо бо намояндагони "Тоҷикстандарт" дар миён гузоштанд.

"Ин ба нархи сузишворӣ чандон таъсир намегузорад. Ширкатҳое, ки ба воридоти бензин машғуланд, пулро барои шаҳодатнома ҳар сол пардохт мекунанд,” – ҷавоб дод Сӯҳроб Ашӯрзода.

Раҳмоншоҳ Мирзоиён, муовини аввали раиси “Тоҷикстандарт”, мегӯяд, шаҳодатнома барои овардани бензин бори аввал ҷорӣ мешавад. Пештар танҳо воридкунандагони гази моеъ чунин санадро дастрас мекардаанд.

Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки шаҳодатнома чӣ аҳамият дорад, гуфт: “Танзим кардан хуб аст. Барои онки соҳибкорони мо фиреб мехӯранд ва баъзан бензине, ки аз дигар давлат гирифта ба инҷо меоранд, ба талаботу регламенти техникии мо рост намеояд. Ин ба зарари соҳибкор ва ҳам экология аст.”

Ҳарчанд дар Оҷонси "Тоҷикстандарт" иддао доранд, ки талаботи дарёфти шаҳодатнома барои ворид кардани бензин ба нархи маҳсулот дар дохил таъсир намерасонад, таҳлилгарон чизи дигар мегӯянд.

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодӣ, гуфт, “ҳозир бензини навъи 92-юм 10 сомонӣ аст. Нархи шаҳодатномаро зам кунанд, ҳатман 1 то 2 сомонӣ боло меравад. Шояд чанд ширкати воридкунандаи бензин, ки мувофиқи хоҳиши мақомот нест, худ аз худ муфлис шаванд. Фақат одамони наздик ба худашон газу бензинро биёранд."

Бахши асосии бензинро ба Тоҷикистон аз Русия меоранд. Боло рафтани нархи бензин ба дигар бахшҳои иқтисодӣ метавонад таъсир гузорад.

Баъзе аз тоҷирони бензин нахостанд ошкоро суҳбат кунанд, вале дар суҳбатҳои бидуни сабт тасдиқ карданд, ки чунин талабот бе шубҳа ба арзиши бензин таъсир хоҳад дошт.

“Агар бо ҷорӣ намудани ин, аз тарафи дигар сабукӣ медоданд, мумкин нарх тағйир намеёфт. Лекин дар шароити бозор, вақте харҷ зиёд шуд, маҷбур мешавӣ нархро боло бардорӣ,” -- таъкид кард яке аз тоҷирони ҳамсуҳбати мо.

Дар Тоҷикистон беш аз 10 ширкат ба овардани бензин машғуланд.

Ба иттилои масъулони “Тоҷикстандарт”, то ҳол “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва “Ориё тиҷорат” шаҳодатномаро барои овардани бензин дастрас кардаанд.

Талаботи гирифтани шаҳодатномаи нав бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ сурат гирифта, ташаббускораш ҳукумати Тоҷикистон аст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Марги тифл дар кӯдакистон. Парвандаи мураббиро ба додгоҳ фиристоданд

Дар ин кӯдакистон рӯзи 19 май кӯдаки дусола ҷон дод
Дар ин кӯдакистон рӯзи 19 май кӯдаки дусола ҷон дод

Таҳқиқи парвандаи мураббии кӯдакистон дар Душанбе, ки баъди марги як тифл боздошт шуда буд, ба анҷом расидааст. Дар ин бора намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.

Намояндагони Вазорат бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфтанд, парванда ба додгоҳ фиристода шудааст.

Рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони " Саволу ҷавоб" – и шаҳри Душанбе Судайси дусола ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон 28-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, фаъолияти кӯдакистони " Саволу ҷавоб" ғайриқонунӣ буд. Ба гуфтаи вазир, иҷозатномаи ин кӯдакистон дар аввали сол ба анҷом расида будааст.

"Инҳо ғайриқонунӣ фаъолият кардагианд. Инро бояд шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино, ки муассиса вобастаи он аст, назорат мекард, ки чаро бидуни иҷозатнома фаъолият кардааст. Дар ҳоли ҳозир аз рӯйи маълумоте, ки мо дорем, фаъолият надорад. Он камбудиҳое, ки доштанд, онҳоро бояд бартараф кунанд, ва аз сари нав ҳуҷҷатҳояшонро барои дастрас намудани иҷозатнома бояд пешниҳод кунанд,"-афзуд Вазири маориф.

Дар пайванд ба марги писари дусола, мураббии ӯро боздошт карда буданд. Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, мураббӣ вазифаи худро дуруст иҷро накарда вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писарбачаи 2-сола аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".

Хонаводаи тифли ҳалокшуда мегӯянд, ба ҷуз мураббӣ, нисбати 5 нафари дигар, аз ҷумла мудири кӯдакистон парванда боз шудааст. Хонаводаи Судайси дусола аз рафти тафтиши парванда шикоят надоранд ва умедворанд, ки додгоҳ нисбати муттаҳамон ҳукми одилона содир мекунад.

Видеоро инҷо бинед:

Вазир мегӯяд, кӯдак дар муассисаи тарбиявие фавтид, ки иҷозатномаи фаъолият надошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Назари хонаводаи мураббии боздоштшуда ба қазия маълум нест. Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳ низ то ҳол парвандаи дигар боздоштшудаҳоро шарҳ надодаанд. Тамосҳои хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар бенатиҷа буд. Ҳамчунин рӯшан нест, ки чаро кӯдакистон бидуни иҷозатномаи расмӣ фаъолият мекардааст? Масъулини кӯдакистон аз шарҳи мавзӯъ худорӣ мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 744 кӯдакистон фаъолият доранд ва 114 ҳазор кӯдакро нигоҳубин мекунанд. Нигарониҳои волидон аз беэътиноӣ ба қоидаҳои нигоҳубин ва шароити кӯдакстон дар гузашта борҳо садо додааст, вале ин бори аввал аст, ки як тифл ба ҳалокат расад.

Тоҷикистон барои муҳассилини афғонистонӣ 25 бурсия ҷудо кардааст

Мактаби "Сомониён", макони таҳсили фарзандони муҳоҷирони афғонистонӣ
Мактаби "Сомониён", макони таҳсили фарзандони муҳоҷирони афғонистонӣ

Тоҷикистон барои таҳсили муҳассилини афғонистонӣ дар мактабҳои олии кишвар, 25 бурсия ҷудо кардааст. Дар ин бора Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Фейсбук хабар додааст.

Сафир навиштааст, ки дар вақти интихоби довталабон ба духтарон бартарӣ дода мешавад. Зоҳир Ағбар нагуфтааст, ки бурсияҳои таҳсил барои хонандагони мактаби "Сомониён" дар кадом риштаҳо ҷудо шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора хабар надодаанд.

Тибқи оморҳои нашршуда, имсол шумори квотаҳои ҷудошуда барои муҳассилини афғонистонӣ дар Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта камтар аст. Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-24 барои шаҳрвандони Афғонистон чил бурсия ҷудо карда буд, вале имсол 25 адад.

То суқути Афғонистон ба дасти "Толибон", беш аз 1000 донишҷӯйи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мехонданд. Вале ҳоло шумори онҳо хеле кам шудааст.

Тоҷикистон содироти барқро зиёд кардааст

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон ба кишварҳои ҳамсояаш 1,1 миллиард киловат соат барқ фурӯхтааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 56 дарсад бештар мебошад.

Ба гузориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, кишвар аз ҳисоби фурӯши барқ 322,6 миллион сомонӣ ё 33,8 миллион доллар ба даст овардааст.

Вазорат гуфтааст, бахши асосии барқ ё 718 миллион киловат соат ба Афғонистон ва боқимонда 395 миллион киловат ба Узбекистон интиқол ёфтааст.

Дар гузашта танқидҳое садо дода буд, ки мақомоти Тоҷикистон бигзор аввал шаҳрвандони кишварро бо барқ таъмин кунанд ва сипас барқи зиёдатиро ба хориҷ фурӯшанд. Вазорати энергетика зоҳиран дар посух ба ин интиқод навиштааст, 90 дарсади барқ дар моҳҳои май-июн ва дар давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо ба хориҷ интиқол дода шудааст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.

Сокинони Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд. Сокинони чандин минтақаи Тоҷикистон шикоят доранд, ки имсол дар фасли тобистон ҳам пурра бо барқ таъмин нестанд. Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон 25-уми июл дар нишасти хабарӣ маҳдудияти барқ дар фасли тобистонро тасдиқ кард ва сабаби онро ба таъсири гармои зиёд ба таҷҳизотҳои барқрасонӣ гуфт.

"Ҳаво бисёр гарм буд." Посухи Вазир ба суоли "Чаро дар тобистон барқ хомӯш мешавад?"

Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон
Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон

Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон маҳдудияти барқро дар фасли тобистон тасдиқ намуда, сабаби онро таъсири гармиҳои ахир ба таҷҳизотҳои энергетикӣ гуфт.

Вазир 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “дар ҳақиқат, махсусан дар моҳи июл ва қисман дар моҳи июн дар баъзе мавридҳо маҳудудияти барқ ҷой дошт. Новобаста аз он, ки иқтидорҳои истеҳсолии энергияи барқ басанда буданд, азбаски ҳаво бисёр гарм буд, таъсири технологӣ ба кори таҷҳизотҳо, махсусан дар шабакаҳои барқӣ расонида буд.”

Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, маҳдудияти интиқоли барқ асосан дар вилояти Суғд ҷой дошт ва бо ба кор даромадани дастгоҳҳои нав, таъмини мардум бо барқ беҳтар хоҳад шуд.

Санҷиши дурустии ҳарфҳои Вазири энергетика аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Дар охири моҳи июн ва аввали июл даҳҳо тан ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ҳамарӯза аз 2 то 6-7 соат барқи онҳоро хомуш мекунанд. Чунин шикоятҳо аз Панҷакент, Деваштич, Ваҳдат, Шаҳритус, Фархор ва ҳатто шаҳри Душанбе расидаанд. Суоли асосии сокинон ин буд, ки агар баҳонаи қатъи барқ дар зимистон камобӣ буд, аммо дар тобистон чаро барқро бо реҷа медиҳанд?

Вазири энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дигар маҳдудияти интиқоли барқ нест. Вале сокинон шикоят доранд, ки қатъи нерӯи барқ дар баъзе маҳаллаҳо то ҳол ба назар мерасад.

Ҳамасола, Тоҷикистон дар фасли сармо аз моҳи октябр то моҳи апрел реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро, ки дар миёни мардум бо "лимит" машҳур аст, ҷорӣ мекунад ва далели онро паст шудани сатҳи об дар обанбори неругоҳи "Норак" унвон мекунад. Мардум дар ин давра аз камбудӣ барқ ва мушкилоти вобаста ба он зиёд шикоят мекунанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар фасли тобистон барқро барзиёд истеҳсол мекунад ва ҳатто онро ба Афғонистон ва Узбекистону Қирғизистон мефурӯшанд.

Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ гуфта мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон, дар Тоҷикистон 11,8 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид шудааст.

Сокинони Тоҷикистон дар ним сол 269 миллион сомонӣ ҷарима супоридаанд

Дар нимаи аввали соли равон ба буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби ҷарима ва дигар муҷозотҳо, 269,4 миллион сомонӣ ё 28,2 миллион доллар ворид шудааст. Ин маблағ аз пешбинии мақомот 84 миллион сомонӣ ё 8,8 миллион доллар бештар будааст. Ин оморҳо дар як гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон нашр шудаанд. Радиои Озодӣ 27-уми июл бо ин гузориш шинос шуд.

Мақомот шарҳ надодаанд, ки дар нимаи аввали имсол сокинон бештар барои кадом қонуншиканӣ ҷарима шудаанд. Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз ҷаримаҳои зиёд ва ҳангуфт борҳо садо додааст.

Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, нақшаи даромади буҷаи кишвар дар нимаи аввали соли равон барзиёд иҷро шудааст. Дар ним сол ба буҷаи Тоҷикистон ба ҷойи 24,6 миллиард сомонӣ, 27,4 миллиард сомонӣ ворид шудааст.

Дар гузориши Вазорати молия омадааст, дар нимсолаи аввал ба ҷуз андоз аз фурӯш, нақшаи дигар намуд молиётҳо барзиёд иҷро шудааст.

Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби молиёт (андоз) ва боҷҳои гумрукӣ пур мешавад. Соҳибкорон борҳо аз андози баланд ва ҷаримаҳои ҳангуфт шикоят кардаанд.

"50 ҳазор сомонӣ пора гирифт." Боздошти корманди идораи андоз

Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод
Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди идораи андози ноҳияи Сино хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин корманд, барои қатъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ аз як нафар 55 ҳазор сомонӣ пора талаб карда, қариб 50 ҳазор сомониашро гирифтааст. Назари ин корманд, ки аз ӯ Латифов У. ном бурда шудааст, ба иттиҳом маълум нест.

Дар хабарномаи Оҷонсии зидди фасод омадааст, мутахассиси идораи андоз баъди гирифтани маблағи ниҳоӣ боздошт шуд.

Оҷонсии зидди фасод хабар додааст, ки парвандаи Латифов У. бар асоси моддаи 319-уми Кодеси ҷиноӣ (гирифтани пора) ба додгоҳ фиристода шудааст. Ин банди қонун ҷарима ва ё то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Трамп аз омодагии Тайланд ва Камбоҷа барои оташбас хабар дод

Дар пайи авҷ гирифтани даргириҳои марзӣ миёни Тайланд ва Камбоҷа, президенти Амрико Доналд Трамп бо роҳбарони ҳарду кишвар шанбеи 26-уми июл телефонӣ суҳбат кардааст.

Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, ҳам Камбоҷа ва ҳам Тайланд хоҳони оташбаси фаврӣ ва расидан ба сулҳ ҳастанд. "Баъд аз гуфтугӯ бо ҳарду ҷониб, ба назар мерасад, ки оташбас, сулҳ ва шукуфоӣ воқеӣ ба назар мерасад. Инро ба зудӣ хоҳем дид!", навиштааст Трамп.

Даргириҳои марзӣ миёни Тайланд ва Камбоҷа, ду кишвар дар ҷанубу шарқи Осиё 24-уми июл сар шуд. Ин яке аз хунинтарин низои марзӣ миёни ду кишвар гуфта мешавад. Дар ҷараёни даргириҳои се рӯзи ахир, аз ҳарду тараф 33 нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор сокинони мулкӣ маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд.

Ду тараф ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

СММ: Толибон баъзе паноҳҷӯёни бозгаштаро дастгиру шиканҷа мекунанд

Ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Эрон
Ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Эрон

СММ рӯзи 24-уми июл гуфт, мақомоти Толибон ба поймолкунии ҳуқуқи инсон роҳ дода, шаҳрвандони аз Эрону Покистон маҷбуран баргаштаи Афғонистонро шиканҷа ва худсарона ҳабс мекунанд. Имсол Эрону Покистон 1,9 миллион паноҳҷӯи афғонистониро зӯран ба кишварашон баргардониданд ва аксари онҳо аз Эрон буданд. Ҳоло Тоҷикистон ҳам аз онҳо пайравӣ карда даст ба ихроҷи дастаҷамъонаи паноҳҷӯён задааст.

Дар изҳороти Созмони Милал омадааст, "мардуми ба кишвар баргашта таҳти хатари интиқомҷӯии ҳукумати Толибон ва дигар ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқи инсон қарор доранд, бахусус занону духтарон, нафароне, ки бо ҳукумати пешин ва нирӯҳои амниятии он рабт доранд, инчунин кормандони матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ."

Ба навиштаи СММ, ин поймолкуниҳо дар бадрафторӣ, ҳабсҳои худсарона ва таҳдид ба амнияти хусусӣ ифода мешаванд. Ба ҳисобҳои Оҷонсии паноҳандагони СММ, соли 2025 ба Афғонистоне, ки вазъи башариаш то рафт сангинтар мешавад, то 3 миллион нафар бархоҳад гашт.

Изҳороти UNAMA – Ҳайати кӯмакрасони СММ ва Дафтари СММ оид ба ҳуқуқи инсон бар пояи мусоҳиба бо 49 афғонистонии баргашта асос ёфтааст.

Ҳукумати Толибон ин иттиҳомҳоро рад карда, СММ-ро дар паҳн кардани таблиғоту овозаҳо гунаҳгор намуд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 24-уми июл ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфт, "нафароне, ки дар борааш дар гузориш сухан меравад, метавонанд ба хато роҳ диҳанд ва ё мухолифони низом бошанд, дар фикри таблиғот ё паҳн кардани овоза ҳастанду аз ин хотир UNAMA-ро бо ин мақсад истифода мекунанд."

Мақомоти Толибон дар гузашта ваъда доданд, ки онҳоеро, ки давоми бист соли ошӯби зидди Толибон барои нирӯҳои НАТО ва ҳукумати собиқ кор мекарданд, афв хоҳанд кард.

Волкер Турк, раҳбари идораи ҳуқуқи башари СММ дар изҳороте моҳи июн гуфт, "ҳеҷ нафаре, ки барои шахсият ва ё корномааш бо хатари таъқиб рӯбарӯ аст, набояд ба ватан баргардонида шавад."

Дар давоми даҳсолаҳои гузашта миллионҳо шаҳрвандони Афғонистон дар пайи амнияту рӯзӣ ватани худро тарк карда, дар кишварҳои ҳамсояи он дархости паноҳандагӣ додаанд, вале кишварҳо аз набуди имкони кофии кӯмакрасонӣ ба ҳамаи паноҳҷӯён шикоят мекунанд.

Дар ҳамла ба Додгоҳи Систон ва Балучистон 6 нафар кушта шуданд

Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бинои Додгоҳи вилояти Систон ва Балучистон дар шаҳри Зоҳидон, 6 тан кушта ва 22 нафари дигар захмӣ шуданд.

Робитаи умумии Сипоҳи посдорони Эрон хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир вазъи шуморе аз захмиёни ҳодиса вахим аст. Ба гуфтаи манбаъ, се узви "Ҷайш-ул-Адл" ҳам дар ин ҳодиса кушта шуданд.

Додгоҳи олии Эрон рӯзи 26 июл тасдиқ кард, ки бинои Додгоҳи умумии вилояти Систон ва Балучистон дар шаҳри Зоҳидон ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.

Баёнияи расмии Додгоҳи олии Эрон ин ҳамларо "террористӣ" номида, мегӯяд, ки дар ин ҳодиса чанд нафар захмӣ шудаанд.

Гурӯҳи "Ҷайл-ул-Адл" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

"Ҷайш-ул-Адл", ки аз сӯи Эрон ва Амрико ба унвони гурӯҳи террористӣ шинохта мешавад, иддао мекунад, ки барои ҳуқуқи балучҳо бо Ҷумҳурии исломӣ, мубориза мекунад.

Ин гурӯҳ борҳо бо нерӯҳои Сипоҳ ва марзбонони Эрон дар Систон ва Балучистон даргир шуда, шуморе аз онҳоро гаравгон гирифта ё ба қатл расондааст.

Баррасии тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар нишасти СПАД

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) рӯзи 25 июл нишасте барои баррасии роҳҳои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор кард.

Хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз баёнияи дафтари матбуотии ин созмон гузориш дод, ки дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, тақвият ва таҷҳизи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баҳс қарор гирифт.

Ба навиштаи манбаъ, дар ин ҷаласа феҳристи силоҳҳои нерӯҳои марзии Тоҷикистон дар марзи Афғонистон баррасӣ шуд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад.

Бо вуҷуди ба расмият шинохта шудани ҳукумати Толибон аз сӯи Русия ва афзоиши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Толибон, ин кишварҳо борҳо нигаронии амниятии худро дар мавриди Афғонистон иброз кардаанд.

Рамазон Қодиров дар Туркия аз ғарқ шудан наҷот ёфт

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон.
Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон.

Рамазан Қодиров, раҳбари Чеченистон дар шаҳри Бодруми Туркия аз ғарқ шудан наҷот ёфтааст.

Расонаҳои Туркия рӯзи ҷумъа гузориш доданд, ки ин ҳодиса 24 июл дар як меҳмонхонаи панҷситора дар минтақаи Кайнари шаҳри Бодрум рух дод. Гуфта мешавад, ки Рамазон Қодиров ба дохили об афтода ва андаке пас аз он беҳуш шуд.

Тибқи гузоришҳо, ӯ барои шино вориди об шуда буд, аммо ногаҳон контроли худро аз даст дод ва ба зери об рафт.

Кормандони меҳмонхона пас аз мушоҳидаи вазъ, билофосила вориди амал шуданд ва ӯро аз об берун кашиданд.

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон аз ҷумлаи муттаҳидони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба шумор меравад, ки ба ҷанги Русия бо Украина нерӯ фиристодааст.

Муғулистон гуфтааст, метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол бифурӯшад

Ухнаагийн Хурэлсух, раиси ҷумҳури Муғулистон гуфтааст, ки кишвараш метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол содирот кунад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Муғулистон бо нашри баёнияе дар бораи сафари раҳбари кишвар ба Душанбе гуфтааст, ки Ухнаагийн Хурэлсух ҳангоми дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 24-уми июл суҳбат кардааст.

Дар баёния омадааст: “Муғулистон метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол содир кунад ва имкони истеҳсол ва содироти дигар маҳсулоти гӯшти ҳалолро ба роҳ монад. Дар Тоҷикистон, солҳои ахир қимати гӯшт, бахусус гӯшти гову гӯсфанд фавқуллода баланд рафтааст, чун дар худи кишвар ба қадри кофӣ чорво парвариш намеёбад ва воридоти гӯшт аз хориҷ зиёд мешавад.

Муғулистон, ки як кишвари умдатан чорвопарвар дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, соли гузашта ба хориҷ бештар аз 80 000 тон гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ фурӯхтааст. Мизоҷонаш ҳам Русия, Чин ва Эрон будаанд.

Зимни нахустин сафари давлатии раиси ҷумҳури Муғулистон ба Душанбе даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Тиҷорати ду кишвар дар соли 2024 бино ба гузоришҳо фақат 50 000 доллар будааст, ки баёнгари набуди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Муғулистон аст.

Мақомот мегӯянд, Боғи ҳайвоноти Душанберо ба Ҳисор мебаранд

Акс аз соли 2019
Акс аз соли 2019

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, Боғи ҳайвоноти Душанбе аз маркази шаҳр ба дигар ҷой мебаранд. Низом Мирзозода рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, “нақшаи муфассал” мешавад, аммо ҷузъиёти бештар надод. Дар ҳошияи ин нишасти хабарӣ, як масъули идораи сохтмонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Боғи ҳайвонотро ба наздикии шаҳри Ҳисор мекӯчонанд.

“Нақшаи нави Боғи ҳайвонот дар марҳилаи тасдиқ аст. Баъди тасдиқи лоиҳа сохтмони Боғи нави ҳайвонот оғоз мешавад. Ин иншоот 5 километр дуртар аз пойтахт ва дар наздикии шаҳри Ҳисор сохта мешавад,”- афзуд масъули идораи сохтмони Душанбе.

Талабҳо барои кӯчондани Боғи ҳайвонот аз пойтахт ва беҳтар кардани шароити нигаҳдории ҷонварон борҳо садо додааст. Фаъолони ҷамъиятӣ борҳо аз вазъи бади нигаҳдории ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе бонги изтироб задаанд. Меҳмонон ва сокинон пайваста бо нашри аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғро танқид мекунанд. Бархе аз ин боғ ба унвони "зиндони ҷонварон" ном мебаранд ва бархе ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар чунин шароит номумкин медонанд.

Аммо Низом Мирзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 25-уми июл ин гуна танқидҳоро ғаразнок номид. “Бас кунед ғаразнок навиштанро. Шояд бемасъулиятии роҳбари онҷо бошад. Вале ҳаминро реклама карда ба ҷаҳониён камбудҳои худро нишон диҳем, магар айб нест,”-гуфт раиси Кумитаи сохтмон.

Боғи ҳайвоноти Душанбе дар солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст. То ин замон бозсозии зиёдеро аз сар нагузарондааст. Масоҳати он ҳудуди 5 гектарро ташкил медиҳад ва бештар аз 1000 ҷонварро дар онҷо нигаҳ медоранд.

Нархи як метри мураббаи хона дар Душанбе ба 800 доллар расидааст

Як бинои навсохт дар Душанбе
Як бинои навсохт дар Душанбе

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон болоравии чашраси нархи манзил дар шаҳри Душанберо тасдиқ кард ва гуфт, ҳар як метри мураббаъ хона дар пойтахт ба 800 доллар расидааст. Ин назар ба аввали сол 200-250 доллар зиёдтар будааст.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 25-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, соҳибкорон дар гузоштани нарх озод ҳастанд, "вале инсоф ҳам зарур аст".

Ба гуфтаи Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, имсол бо назардошти поёнравии қурби доллар, нархи маҳсулоти сохтмонӣ коҳиш ёфт, вале нархи манзил боло рафт. Низом Мирзозода болоравии нархи манзилро ба талаботи бозор рабт дод.

Баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвар, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.

Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.

Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Путин дар пайи суқути як ҳавопаймо дар Русия

Дар пайи ҳалокати сарнишинони як ҳавопаймои мусофирбар дар Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба ҳамтои русаш Владимир Путин, ба пайвандону наздикони ин садама ҳамдардӣ кард.

Дар ин барқия, ки дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр кард, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Федератсияи Русия боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем".

Ҳавопаймои Ан-24-и ширкати "Ангара", ки дар хатсайри Хабаровск-Благовешенск-Тинда парвоз мекард, рӯзи 24-уми июл дар вилояти Амур вожгун шуд.

Ҳокими ин вилоят гуфт, дар дохили ҳавопаймо 43 мусофир, аз ҷумла 5 кӯдак ва 6 хадама ё ҳайати парвоз буданд. Боқимондаҳои ҳавопаймо дар доманаи кӯҳ, 15-километрии Тинда, дар минтақаи душворгузар пайдо шудааст.

Ҳавопаймои суқуткарда тақрибан 50 сол пеш дар корхонаи ҳавопаймосозии "Авиант"-и Киев истеҳсол шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG