Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатияи "духтарони президентҳо" дар Осиёи Марказӣ


Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов бо духтараш Огулҷаҳон Отабоева дар Боку.
Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов бо духтараш Огулҷаҳон Отабоева дар Боку.

 Номашро метавон «қудрати хоҳарон» гузошт. Дар Осиёи Марказӣ, ки одатан писаронро барои ворисӣ дар сатҳи болои қудрат омода мекарданд, акнун як тамоюли нав ба вуҷуд омадааст, яъне духтарон ба бозигарони муҳими сиёсӣ табдил меёбанд.

Намунаи навтарини дипломатияи сулолаӣ бо ширкати духтарон аввали ҳамин моҳ дида шуд ва замоне, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури собиқи Туркманистон ва «раҳбари миллати туркман» ба Боку рафт, то бо Илҳом Алиев, бо президенти Озарбойҷон мулоқот кунад. Дар ин сафар писари ӯ, ки ҷойгузини падар шуд, ҳузур надошт.

Аммо он ҷо Оғулҷаҳон Отабоева духтари Бердимуҳаммадов ва Лайло Алиева, духтари Илҳом Алиев буданд. Чанд ҳафта пеш аз ин Саида Мирзиёева, духтари калонии Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон зимни сафари расмӣ дар Маскав бо Михаил Мишустин нахуствазири Русия мулоқот кард.

Брюс Паннир, таҳлилгари Осиёи Марказӣ аз Маркази Таҳқиқоти Турон дар Донишгоҳи Йорктауни Амрико мегӯяд, ин ҳама тасодуфӣ нест ва ин равандро «дипломатияи духтарони президент» меномад. Ӯ меафзояд: «Ин мулоқотҳо намоёнгари тамоюли нави қудрати хонаводаҳои таъсиргузор дар минтақа мебошанд, ки роҳҳои ғайрирасмӣ, вале босамари дипломатиро месозанд. Ин тамоюл нақши робитаҳои хонаводагӣ ва шахсӣ дар шаклгирии қарорҳои сиёсиро нишон медиҳад, ки, дар сиёсатҳои Осиёи Марказӣ ба таври рӯзафзун дида мешавад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки 15 сол Туркманистонро бо «мушти оҳанин» раҳбарӣ мекард, соли 2022 қудратро ба писараш Сардор супурд. Агарчӣ Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳур аст, вале ба назари бисёре аз таҳлилгарон, падараш ҳамчун раиси палатаи болоии парлумон — Халқ Маслаҳатӣ ҳанӯз нақши бузурге дар сиёсатҳои давлат дорад.Ҳамин гуна, Илҳом Алиев соли 2003 пас аз марги падараш, Ҳайдар Алиев, раҳбари собиқи КГБ дар давраи шӯравӣ ва президенти дарозумри Озарбойҷон, раисиҷумҳур шуд.

Ҳайдар Алиев, писари ягонаи Илҳом Алиевро, ки 28-сола аст, бисёриҳо ҳамчун раҳбари ояндаи кишвар мепиндоранд. Аммо ҳузури духтарон дар саҳнаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки нақшаи ворисӣ метавонад фаротар бошад ва духтарон низ барои мақомҳои боло дар қудрат омода мешаванд. Лайло Алиева, муовини раҳбари Бунёди Ҳайдар Алиев, ба як чеҳраи шинохта дар ҷомеаи Озарбойҷон табдил ёфтааст. Ӯ падарашро дар сафарҳои расмии хориҷӣ ва чорабиниҳои дохилӣ ҳамроҳӣ мекунад.

"Истифодаи формулаи марду зан"


Барои Отабоева сафари Боку дуввумин ҳузур бо падар дар сафарҳои давлатӣ буд. Моҳи апрел ӯро ба Узбекистон бурданд ва ҳамроҳ бо Саида Мирзиёева сари мизи хӯроки шом буд. Ҳузури рӯзафзуни ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо «ҳамлаи тарғиботии иттилоотӣ» рӯ ба рӯ шуд. Дар шабакаҳое мисли TikTok ва Instagram, хусусан дар саҳифаҳое, ки блогерҳои наздик ба ҳукумат боз кардаанд, наворҳои вохӯриҳо ва конфронсҳои ӯ паҳн мешаванд.

Бақитҷон Турагожина, ҳуқуқшиноси муқими Алмато мегӯяд, ки дар ҷомеаҳои падарсолори Осиёи Марказӣ, ки ҳуқуқи занон аксаран поймол мешавад, зиндагии занони хонаводаҳои ҳоким як қиссаи тамоман дигар аст. Ӯ меафзояд: «Онҳо аз мушкилоти ҳаррӯза эмин ҳастанд ва ба нақшҳои сиёсии муҳиме роҳ меёбанд. Онҳо вазифаҳо, найрангҳои оилавӣ ва баъзан нуфуз дар қудратро идора мекунанд ва дар системае, ки барои нигаҳ доштани қудрат дар доираи хешутабор ташкил шудааст.»

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамоишҳои расмӣ бо роҳбарони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сардор Бердимуҳаммадов зиёд намоён нест: «На нутқи равшан, на ҷозиба ва на фасоҳат дорад.» Дар муқоиса, Отабоева дар мазҳари ом бо эътимод ба нафс ва ва ором зоҳир шуда, дар пеши дурбинҳои телевизионӣ табиӣ суҳбат мекунад. Тӯрагожина мегӯяд, ки эҳтимол падар духатарашро на танҳо барои зиёд кардани нуфузи хонавода ба саҳнаи сиёсӣ овардааст, балки мехоҳад, ба писар ҳам фишор оварад.

Ӯ меафзояд: «Ман истисно намекунам, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қасдан духтарашро ба саҳна овардааст, ки Сардорро ба ҳаракат водор кунад, то ӯ фаъолтар шавад ва ба як раҳбари воқеӣ табдил ёбад.» Вадим Борейко, рӯзноманигори қазоқистонӣ ба як тамоюли умумӣ дар Осиёи Марказӣ ишора мекунад. Ба қавли ӯ роҳбарони худкома барои ҳифзи қудрати оилавӣ аз «формулаи марду зан» истифода мебаранд. Ӯ мегӯяд: «Дар ин системаҳо ҳар як узви хонавода, чӣ марду чӣ зан нақши худро мебозанд, то қудрат аз дасти хонавода наравад. Ин баробарии байни мард зан нест. Ин барои ҳифзи сулола аст».

"Барои бақои қудрат"

Ӯ Қазоқистонро намунае барои ҳушдор ба раҳбарони минтақа меорад. Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон фикр мекард, ки бо вогузории қудрат ба Қосимҷомарт Тоқаев, яке аз мансабдорони вафодор ба худаш ояндаи хешро таъмин мекунад. Аммо вақте моҳи январи соли 2022 дар кишвар эътироз сар зад, Тоқаев вазъиятро истифода бурд ва Назарбоев, хонаводаи ӯ ва атрофиёнашро аз саҳнаи сиёсии Қазоқистон дур кард.

Ба гуфтаи Борейко: «Қисме аз қудрат аз дасти оила рафт ва бо ҳамин тамом шуд.» Гулнора Каримова, духтари президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов, ки як замон ҳамчун вориси эҳтимолии падар мепиндоштанд, ҳоло паси панҷара аст. Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки ҳоло раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва як шахсияти калидӣ дар ҳукумат аст ва нақши муҳимро мебозад.

Тӯрагожина мегӯяд, онҳо гоҳе барои нармтар кардани симои падарашон дар саҳнаи байналмилалӣ, роҳбарии лоиҳаҳои хайриявӣ, ё мудирияти бахшҳои калидии иқтисод истифода мешаванд. Вале ин нақшҳо метавонанд, намоишӣ бошанд, аз ҷумла барои қонеъ кардани талаботи ҷомеа ба ислоҳот, дар ҳоле ки қудрати падарсолорӣ нигаҳ дошта мешавад. Хулосаи Тӯрагожина чунин аст:
«Занони ин хонаводаҳо онгуна ки Ғарб тасаввур мекунад, тавоно нестанд. Ҳузури ҷамъиятии онҳо бештар як стратегия барои бақои хонавода аст.»

XS
SM
MD
LG