Дар чанд ҷумла
Додситонии Суғд: ду корманди ниҳод дар паи ошӯби зиндон барканор шуданд

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар пайи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, ки бар пояи иттилои расмӣ, 25 кушта ва чандин маҷруҳ бар ҷо гузошт, 2 корманди масъули ин ниҳод аз вазифа сабукдӯш карда шудаанд.
Гулчеҳра Ғоибназарова, масъули маркази хабариву таҳлили ин ниҳод рӯзи 17 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Завқибек Шарифзода – додситони назорати маҳбасҳо ва Маъмур Аъзамзода – ёвари калони додситони Суғд оид ба назорати риояти қонун дар маҳкамаҳои тафтишотӣ аз вазифаҳои худ барканор гардиданд. Ӯ афзуд, ҳоло вазифаҳои онҳоро муваққатан кормандони дигар иҷро мекунанд.
Ӯ хабарҳои қаблан расонаишуда дар мавриди барканор шудани шаш корманди додситонии Суғд дар пайи ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро бепоя хонд ва афзуд, танҳо ҳамин ду масъули додситонӣ сабукдӯш шудаанд. Ин хабарро ба Радиои Озодӣ қаблан ду манбаъ дар додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд. Гулчеҳра Ғоибназарова сабукдӯш шудани ин масъулони додситонии Суғдро дар пайи таҳқиқи ошӯби хунини сарзада дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд рабт дод, вале аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ба парванда мӯҳри махфӣ зада шудааст ва ошкор кардани ҷузъиёти ҷараёни тафтишот феълан имкон надорад.
Додситонии назорати маҳбасҳо як ҷузъи ҷудогонаи тобеи додситонии Суғд - масъулияти назорати риояи қонун дар маҳбасҳоро бар уҳда дорад, вале вазифаи ёвари калони додситони Суғд умдатан ба назорати қонун дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и Хуҷанд маҳдуд мешавад. Дар ин боздоштгоҳ афроди айбдоршаванда замони тафтиши парванда ва то равон кардан ба маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Мақомот аз изҳори он ки сар задани ошӯб дар зиндон ба барканор гардидани масъули назорати риояти қонун дар боздоштгоҳи муваққатӣ чӣ рабт дорад, худдорӣ меварзанд. Рӯзи 6-уми декабр як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд фаъолияти масъулони раёсатҳо ва шӯъбаҳои Додситонии кул мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷумла ба сардори Раёсати назорати маҳбасҳои Додситонии кул Шамс Нурализода танбеҳи қатъӣ дода шуд.
15-уми ноябр Файзулло Сафарзода, сардори зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд аз вазифа барканор ва билофосила бо амри додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Сипас бо иҷозаи додгоҳи Хуҷанд 6 корманди дигари ин зиндон, аз ҷумла Фарҳод Садиров, сардори шуъбаи низом боздошт гардиданд. Биноба иттилои додгоҳ, алайҳи Файзулло Сафарзода, Фарҳод Садиров ва 5 ҳамкори онҳо бар асоси моддаи 322, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "Хунукназарӣ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст", парванда боз шудааст.
Ин модда дар сурати исботи гуноҳ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ солро дар назар дорад. Ин хабар дар ҳолест, ки охири моҳи ноябр мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи 7 корманди маҳбас ва дастикам 10 зиндонии маҳбаси рақами сеи Хуҷанд дар маҷмӯъ бо 11 иттиҳом аз ҷумла - "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "куштор", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ", "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Мансурҷон Умаров ба ҷои Иззатулло Шарифзода раҳбари зиндонҳо шуд
Баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯби хунин дар маҳбаси Хуҷанд, дар раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ки аз соли 2006 дар ин мақом кор мекард, “ба далели бознишаста шудан” аз вазифааш озод гардид. Мансурҷон Умаров, ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори нави раёсати зиндонҳо ва ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон таъйин шуд.
Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва ба гуфтаи манобеи наздик ба он, ин парванда муҳри махфӣ гирифтааст. Манобеи наздик ба таҳқиқ мегӯянд, масъулони назорати риояти қонун дар маҳбасҳо шикоятҳои маҳбусон дар бораи қонуншиканиҳо ва рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба онҳоро нодида мегирифтанд ва норизоиву қаҳру ғазаби бархе маҳбусон ба ошӯб кашонид.
Ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябр сар зада, нахуст ду зиндонбон ва замони фурӯнишонии ошӯб 23 зиндонӣ кушта шуданд. Ҳамчунин, чандин зиндонбон ва маҳбусон захмӣ гардиданд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.
Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Ҳаво бисёр гарм буд." Посухи Вазир ба суоли "Чаро дар тобистон барқ хомӯш мешавад?"

Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон маҳдудияти барқро дар фасли тобистон тасдиқ намуда, сабаби онро таъсири гармиҳои ахир ба таҷҳизотҳои энергетикӣ гуфт.
Вазир 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “дар ҳақиқат, махсусан дар моҳи июл ва қисман дар моҳи июн дар баъзе мавридҳо маҳудудияти барқ ҷой дошт. Новобаста аз он, ки иқтидорҳои истеҳсолии энергияи барқ басанда буданд, азбаски ҳаво бисёр гарм буд, таъсири технологӣ ба кори таҷҳизотҳо, махсусан дар шабакаҳои барқӣ расонида буд.”
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, маҳдудияти интиқоли барқ асосан дар вилояти Суғд ҷой дошт ва бо ба кор даромадани дастгоҳҳои нав, таъмини мардум бо барқ беҳтар хоҳад шуд.
Санҷиши дурустии ҳарфҳои Вазири энергетика аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.
Дар охири моҳи июн ва аввали июл даҳҳо тан ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ҳамарӯза аз 2 то 6-7 соат барқи онҳоро хомуш мекунанд. Чунин шикоятҳо аз Панҷакент, Деваштич, Ваҳдат, Шаҳритус, Фархор ва ҳатто шаҳри Душанбе расидаанд. Суоли асосии сокинон ин буд, ки агар баҳонаи қатъи барқ дар зимистон камобӣ буд, аммо дар тобистон чаро барқро бо реҷа медиҳанд?
Вазири энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дигар маҳдудияти интиқоли барқ нест. Вале сокинон шикоят доранд, ки қатъи нерӯи барқ дар баъзе маҳаллаҳо то ҳол ба назар мерасад.
Ҳамасола, Тоҷикистон дар фасли сармо аз моҳи октябр то моҳи апрел реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро, ки дар миёни мардум бо "лимит" машҳур аст, ҷорӣ мекунад ва далели онро паст шудани сатҳи об дар обанбори неругоҳи "Норак" унвон мекунад. Мардум дар ин давра аз камбудӣ барқ ва мушкилоти вобаста ба он зиёд шикоят мекунанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар фасли тобистон барқро барзиёд истеҳсол мекунад ва ҳатто онро ба Афғонистон ва Узбекистону Қирғизистон мефурӯшанд.
Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ гуфта мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон, дар Тоҷикистон 11,8 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид шудааст.
Сокинони Тоҷикистон дар ним сол 269 миллион сомонӣ ҷарима супоридаанд

Дар нимаи аввали соли равон ба буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби ҷарима ва дигар муҷозотҳо, 269,4 миллион сомонӣ ё 28,2 миллион доллар ворид шудааст. Ин маблағ аз пешбинии мақомот 84 миллион сомонӣ ё 8,8 миллион доллар бештар будааст. Ин оморҳо дар як гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон нашр шудаанд. Радиои Озодӣ 27-уми июл бо ин гузориш шинос шуд.
Мақомот шарҳ надодаанд, ки дар нимаи аввали имсол сокинон бештар барои кадом қонуншиканӣ ҷарима шудаанд. Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз ҷаримаҳои зиёд ва ҳангуфт борҳо садо додааст.
Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, нақшаи даромади буҷаи кишвар дар нимаи аввали соли равон барзиёд иҷро шудааст. Дар ним сол ба буҷаи Тоҷикистон ба ҷойи 24,6 миллиард сомонӣ, 27,4 миллиард сомонӣ ворид шудааст.
Дар гузориши Вазорати молия омадааст, дар нимсолаи аввал ба ҷуз андоз аз фурӯш, нақшаи дигар намуд молиётҳо барзиёд иҷро шудааст.
Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби молиёт (андоз) ва боҷҳои гумрукӣ пур мешавад. Соҳибкорон борҳо аз андози баланд ва ҷаримаҳои ҳангуфт шикоят кардаанд.
"50 ҳазор сомонӣ пора гирифт." Боздошти корманди идораи андоз

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди идораи андози ноҳияи Сино хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин корманд, барои қатъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ аз як нафар 55 ҳазор сомонӣ пора талаб карда, қариб 50 ҳазор сомониашро гирифтааст. Назари ин корманд, ки аз ӯ Латифов У. ном бурда шудааст, ба иттиҳом маълум нест.
Дар хабарномаи Оҷонсии зидди фасод омадааст, мутахассиси идораи андоз баъди гирифтани маблағи ниҳоӣ боздошт шуд.
Оҷонсии зидди фасод хабар додааст, ки парвандаи Латифов У. бар асоси моддаи 319-уми Кодеси ҷиноӣ (гирифтани пора) ба додгоҳ фиристода шудааст. Ин банди қонун ҷарима ва ё то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Трамп аз омодагии Тайланд ва Камбоҷа барои оташбас хабар дод

Дар пайи авҷ гирифтани даргириҳои марзӣ миёни Тайланд ва Камбоҷа, президенти Амрико Доналд Трамп бо роҳбарони ҳарду кишвар шанбеи 26-уми июл телефонӣ суҳбат кардааст.
Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, ҳам Камбоҷа ва ҳам Тайланд хоҳони оташбаси фаврӣ ва расидан ба сулҳ ҳастанд. "Баъд аз гуфтугӯ бо ҳарду ҷониб, ба назар мерасад, ки оташбас, сулҳ ва шукуфоӣ воқеӣ ба назар мерасад. Инро ба зудӣ хоҳем дид!", навиштааст Трамп.
Даргириҳои марзӣ миёни Тайланд ва Камбоҷа, ду кишвар дар ҷанубу шарқи Осиё 24-уми июл сар шуд. Ин яке аз хунинтарин низои марзӣ миёни ду кишвар гуфта мешавад. Дар ҷараёни даргириҳои се рӯзи ахир, аз ҳарду тараф 33 нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор сокинони мулкӣ маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд.
Ду тараф ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ гунаҳкор мекунанд.
СММ: Толибон баъзе паноҳҷӯёни бозгаштаро дастгиру шиканҷа мекунанд

СММ рӯзи 24-уми июл гуфт, мақомоти Толибон ба поймолкунии ҳуқуқи инсон роҳ дода, шаҳрвандони аз Эрону Покистон маҷбуран баргаштаи Афғонистонро шиканҷа ва худсарона ҳабс мекунанд. Имсол Эрону Покистон 1,9 миллион паноҳҷӯи афғонистониро зӯран ба кишварашон баргардониданд ва аксари онҳо аз Эрон буданд. Ҳоло Тоҷикистон ҳам аз онҳо пайравӣ карда даст ба ихроҷи дастаҷамъонаи паноҳҷӯён задааст.
Дар изҳороти Созмони Милал омадааст, "мардуми ба кишвар баргашта таҳти хатари интиқомҷӯии ҳукумати Толибон ва дигар ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқи инсон қарор доранд, бахусус занону духтарон, нафароне, ки бо ҳукумати пешин ва нирӯҳои амниятии он рабт доранд, инчунин кормандони матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ."
Ба навиштаи СММ, ин поймолкуниҳо дар бадрафторӣ, ҳабсҳои худсарона ва таҳдид ба амнияти хусусӣ ифода мешаванд. Ба ҳисобҳои Оҷонсии паноҳандагони СММ, соли 2025 ба Афғонистоне, ки вазъи башариаш то рафт сангинтар мешавад, то 3 миллион нафар бархоҳад гашт.
Изҳороти UNAMA – Ҳайати кӯмакрасони СММ ва Дафтари СММ оид ба ҳуқуқи инсон бар пояи мусоҳиба бо 49 афғонистонии баргашта асос ёфтааст.
Ҳукумати Толибон ин иттиҳомҳоро рад карда, СММ-ро дар паҳн кардани таблиғоту овозаҳо гунаҳгор намуд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 24-уми июл ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфт, "нафароне, ки дар борааш дар гузориш сухан меравад, метавонанд ба хато роҳ диҳанд ва ё мухолифони низом бошанд, дар фикри таблиғот ё паҳн кардани овоза ҳастанду аз ин хотир UNAMA-ро бо ин мақсад истифода мекунанд."
Мақомоти Толибон дар гузашта ваъда доданд, ки онҳоеро, ки давоми бист соли ошӯби зидди Толибон барои нирӯҳои НАТО ва ҳукумати собиқ кор мекарданд, афв хоҳанд кард.
Волкер Турк, раҳбари идораи ҳуқуқи башари СММ дар изҳороте моҳи июн гуфт, "ҳеҷ нафаре, ки барои шахсият ва ё корномааш бо хатари таъқиб рӯбарӯ аст, набояд ба ватан баргардонида шавад."
Дар давоми даҳсолаҳои гузашта миллионҳо шаҳрвандони Афғонистон дар пайи амнияту рӯзӣ ватани худро тарк карда, дар кишварҳои ҳамсояи он дархости паноҳандагӣ додаанд, вале кишварҳо аз набуди имкони кофии кӯмакрасонӣ ба ҳамаи паноҳҷӯён шикоят мекунанд.
Дар ҳамла ба Додгоҳи Систон ва Балучистон 6 нафар кушта шуданд

Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бинои Додгоҳи вилояти Систон ва Балучистон дар шаҳри Зоҳидон, 6 тан кушта ва 22 нафари дигар захмӣ шуданд.
Робитаи умумии Сипоҳи посдорони Эрон хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир вазъи шуморе аз захмиёни ҳодиса вахим аст. Ба гуфтаи манбаъ, се узви "Ҷайш-ул-Адл" ҳам дар ин ҳодиса кушта шуданд.
Додгоҳи олии Эрон рӯзи 26 июл тасдиқ кард, ки бинои Додгоҳи умумии вилояти Систон ва Балучистон дар шаҳри Зоҳидон ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.
Баёнияи расмии Додгоҳи олии Эрон ин ҳамларо "террористӣ" номида, мегӯяд, ки дар ин ҳодиса чанд нафар захмӣ шудаанд.
Гурӯҳи "Ҷайл-ул-Адл" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.
"Ҷайш-ул-Адл", ки аз сӯи Эрон ва Амрико ба унвони гурӯҳи террористӣ шинохта мешавад, иддао мекунад, ки барои ҳуқуқи балучҳо бо Ҷумҳурии исломӣ, мубориза мекунад.
Ин гурӯҳ борҳо бо нерӯҳои Сипоҳ ва марзбонони Эрон дар Систон ва Балучистон даргир шуда, шуморе аз онҳоро гаравгон гирифта ё ба қатл расондааст.
Баррасии тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар нишасти СПАД

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) рӯзи 25 июл нишасте барои баррасии роҳҳои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор кард.
Хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз баёнияи дафтари матбуотии ин созмон гузориш дод, ки дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, тақвият ва таҷҳизи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баҳс қарор гирифт.
Ба навиштаи манбаъ, дар ин ҷаласа феҳристи силоҳҳои нерӯҳои марзии Тоҷикистон дар марзи Афғонистон баррасӣ шуд.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад.
Бо вуҷуди ба расмият шинохта шудани ҳукумати Толибон аз сӯи Русия ва афзоиши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Толибон, ин кишварҳо борҳо нигаронии амниятии худро дар мавриди Афғонистон иброз кардаанд.
Рамазон Қодиров дар Туркия аз ғарқ шудан наҷот ёфт

Рамазан Қодиров, раҳбари Чеченистон дар шаҳри Бодруми Туркия аз ғарқ шудан наҷот ёфтааст.
Расонаҳои Туркия рӯзи ҷумъа гузориш доданд, ки ин ҳодиса 24 июл дар як меҳмонхонаи панҷситора дар минтақаи Кайнари шаҳри Бодрум рух дод. Гуфта мешавад, ки Рамазон Қодиров ба дохили об афтода ва андаке пас аз он беҳуш шуд.
Тибқи гузоришҳо, ӯ барои шино вориди об шуда буд, аммо ногаҳон контроли худро аз даст дод ва ба зери об рафт.
Кормандони меҳмонхона пас аз мушоҳидаи вазъ, билофосила вориди амал шуданд ва ӯро аз об берун кашиданд.
Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон аз ҷумлаи муттаҳидони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба шумор меравад, ки ба ҷанги Русия бо Украина нерӯ фиристодааст.
Муғулистон гуфтааст, метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол бифурӯшад

Ухнаагийн Хурэлсух, раиси ҷумҳури Муғулистон гуфтааст, ки кишвараш метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол содирот кунад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Муғулистон бо нашри баёнияе дар бораи сафари раҳбари кишвар ба Душанбе гуфтааст, ки Ухнаагийн Хурэлсух ҳангоми дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 24-уми июл суҳбат кардааст.
Дар баёния омадааст: “Муғулистон метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол содир кунад ва имкони истеҳсол ва содироти дигар маҳсулоти гӯшти ҳалолро ба роҳ монад. Дар Тоҷикистон, солҳои ахир қимати гӯшт, бахусус гӯшти гову гӯсфанд фавқуллода баланд рафтааст, чун дар худи кишвар ба қадри кофӣ чорво парвариш намеёбад ва воридоти гӯшт аз хориҷ зиёд мешавад.
Муғулистон, ки як кишвари умдатан чорвопарвар дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, соли гузашта ба хориҷ бештар аз 80 000 тон гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ фурӯхтааст. Мизоҷонаш ҳам Русия, Чин ва Эрон будаанд.
Зимни нахустин сафари давлатии раиси ҷумҳури Муғулистон ба Душанбе даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Тиҷорати ду кишвар дар соли 2024 бино ба гузоришҳо фақат 50 000 доллар будааст, ки баёнгари набуди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Муғулистон аст.
Мақомот мегӯянд, Боғи ҳайвоноти Душанберо ба Ҳисор мебаранд

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, Боғи ҳайвоноти Душанбе аз маркази шаҳр ба дигар ҷой мебаранд. Низом Мирзозода рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, “нақшаи муфассал” мешавад, аммо ҷузъиёти бештар надод. Дар ҳошияи ин нишасти хабарӣ, як масъули идораи сохтмонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Боғи ҳайвонотро ба наздикии шаҳри Ҳисор мекӯчонанд.
“Нақшаи нави Боғи ҳайвонот дар марҳилаи тасдиқ аст. Баъди тасдиқи лоиҳа сохтмони Боғи нави ҳайвонот оғоз мешавад. Ин иншоот 5 километр дуртар аз пойтахт ва дар наздикии шаҳри Ҳисор сохта мешавад,”- афзуд масъули идораи сохтмони Душанбе.
Талабҳо барои кӯчондани Боғи ҳайвонот аз пойтахт ва беҳтар кардани шароити нигаҳдории ҷонварон борҳо садо додааст. Фаъолони ҷамъиятӣ борҳо аз вазъи бади нигаҳдории ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе бонги изтироб задаанд. Меҳмонон ва сокинон пайваста бо нашри аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғро танқид мекунанд. Бархе аз ин боғ ба унвони "зиндони ҷонварон" ном мебаранд ва бархе ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар чунин шароит номумкин медонанд.
Аммо Низом Мирзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 25-уми июл ин гуна танқидҳоро ғаразнок номид. “Бас кунед ғаразнок навиштанро. Шояд бемасъулиятии роҳбари онҷо бошад. Вале ҳаминро реклама карда ба ҷаҳониён камбудҳои худро нишон диҳем, магар айб нест,”-гуфт раиси Кумитаи сохтмон.
Боғи ҳайвоноти Душанбе дар солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст. То ин замон бозсозии зиёдеро аз сар нагузарондааст. Масоҳати он ҳудуди 5 гектарро ташкил медиҳад ва бештар аз 1000 ҷонварро дар онҷо нигаҳ медоранд.
Нархи як метри мураббаи хона дар Душанбе ба 800 доллар расидааст

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон болоравии чашраси нархи манзил дар шаҳри Душанберо тасдиқ кард ва гуфт, ҳар як метри мураббаъ хона дар пойтахт ба 800 доллар расидааст. Ин назар ба аввали сол 200-250 доллар зиёдтар будааст.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 25-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, соҳибкорон дар гузоштани нарх озод ҳастанд, "вале инсоф ҳам зарур аст".
Ба гуфтаи Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, имсол бо назардошти поёнравии қурби доллар, нархи маҳсулоти сохтмонӣ коҳиш ёфт, вале нархи манзил боло рафт. Низом Мирзозода болоравии нархи манзилро ба талаботи бозор рабт дод.
Баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвар, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.
Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.
Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Путин дар пайи суқути як ҳавопаймо дар Русия

Дар пайи ҳалокати сарнишинони як ҳавопаймои мусофирбар дар Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба ҳамтои русаш Владимир Путин, ба пайвандону наздикони ин садама ҳамдардӣ кард.
Дар ин барқия, ки дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр кард, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Федератсияи Русия боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем".
Ҳавопаймои Ан-24-и ширкати "Ангара", ки дар хатсайри Хабаровск-Благовешенск-Тинда парвоз мекард, рӯзи 24-уми июл дар вилояти Амур вожгун шуд.
Ҳокими ин вилоят гуфт, дар дохили ҳавопаймо 43 мусофир, аз ҷумла 5 кӯдак ва 6 хадама ё ҳайати парвоз буданд. Боқимондаҳои ҳавопаймо дар доманаи кӯҳ, 15-километрии Тинда, дар минтақаи душворгузар пайдо шудааст.
Ҳавопаймои суқуткарда тақрибан 50 сол пеш дар корхонаи ҳавопаймосозии "Авиант"-и Киев истеҳсол шудааст.
Назарзода гуфт, билети ҳавопаймо дар "моҳҳои наздик" арзон мешавад

Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ дар нишасти хабарии рӯзи 23-юми июл дар Душанбе гуфт, нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон "моҳҳои наздик" арзон мешавад.
Вале ӯ санаи арзоншавии чиптаҳоро дақиқан эълон накард.
Назарзода арзоншавии қимати билетро ба сиёсати "Осмони боз", ки чанде пеш дар Тоҷикистон эълон кард, рабт додааст.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади кам кардани арзиши билет, мудирияти Фурудгоҳи Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар хидматрасонии рӯизаминӣ 40 дарсад тахфиф пешниҳод кунад.
Гарон будани нархи билети ҳавопаймо баъзе муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардааст, ки аз роҳҳои заминӣ аз ҷумла, тариқи автобус ба Тоҷикистон баргарданд.
Сафар бо нақлиёти заминӣ то 3-4 рӯз тӯл мекашад ва муҳоҷирон мегӯянд, дар роҳҳо, бахусус дар биёбонҳои Қазоқистон, азоб мекашанд.
Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Хатлон 31 кӯдаку наврас ҷон додаанд

Мақомоти интизомӣ дар Хатлон мегӯянд, танҳо дар шаш моҳи гузаштаи имсол, дар садамаҳои нақлиётӣ дар вилоят риштаи ҳаёти 31 тифл ва навраси то 16-сола канда шудааст. Дар барномае, ки Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 24-уми июл дар Фейсбук нашр кард, омадааст, ки миёни қурбониён 14 нафар кӯдаки то 7 сола ҳастанд. Бақия ва ё 17 нафари дигар кӯдакону наврасони то 16-сола будаанд.
Дар ин барномаи телевизионӣ гуфта мешавад, ки дар умум дар роҳҳои вилояти Хатлон дар ним сол 131 нафар ҷон додаанд ва вазъ бо садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави вилоят изтиробангез боқӣ мемонад. Бар асоси таҳлили мутахассисони Бозрасии давлатии автомобилӣ сабаби аслии садамаҳои маргбори нақлиётӣ дар вилояти ҳаракат бо суръати баланд аст. Ҳиссаи садамаҳои нақлиётии маргбор ба сабаби ҳаракат бо суръати баланд 46 дар сад будааст. Дар ин муддат дар Хатлон ба ҳамин сабаб 93 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайвастааст ва дар натиҷаи онҳо 67 нафар ҷон додаанд ва 73 каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад. Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 552 нафар ва ё рӯзона аз як то ду кас дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, ё дар ҷойи ҳодиса ва ё дар шифохона ҷон додаанд.
Дар 6 моҳ наздик ба 600 ҷасад аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст

Дар шаш моҳи аввали имсол наздик ба 600 ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро тариқи ҳавопаймо аз Русия ба ватан овардаанд. Танҳо тариқи Фурудгоҳи Душанбе тобути 569 нафар ба ватан оварда шудааст.
Дар ин бора дар варақаи иттилоотии кори нимсолаи ин фурдугоҳ дар рӯзи 23-уми июл хабар дода шуд. Шумораи тобутҳое, ки аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, ҳам маълум нест.
Рӯзи 24-уми июли соли гузашта Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфта буд, ки давоми ним сол ҷасади қариб 180 нафарро ба Тоҷикистон оварданд. Соли 2023 ба Тоҷикистон ҳудуди 850 тобут оварда шуда буд.
Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.