Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пул нест, барқ намешавад". Як маркази тиббӣ дар Кӯлоб бебарқ мондааст


Бинои Маркази беҳдоштӣ ва эпидемиологии минтақаи Кӯлоб зиёда аз ду ҳафта боз аз қувваи барқ маҳрум аст. Дар натиҷа, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ аз кор мондаанд.

Сабаби қатъ гардидани барқ сари вақт пардохт нашудани маблағи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби Раёсати молияи минтақа аст. Роҳбарияти марказ чанд маротиба ба Раёсати молия дархост ирсол намудаанд, аммо то ҳол ҷавоби мусбат нагирифтаанд.

Даврон Ахмедзода, мудири Маркази беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, "ду ҳафта мешавад барқ надорем, сабаб як чиз аст, низом биллингӣ мебошад ва барқ хомӯш карда шуд. Аз Раёсати молия 16 ҳазор сомонӣ дархост кардам, мегӯянд, ки пул нест, намегузаронанд. Намедонам даъвоямро ба кӣ гӯям".

Пардохти маблағи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналии муассисаҳои давлатӣ, аз буҷаи давлат пардохт мешавад. Ҳар моҳ, муассисаҳо дархости пардохтро ба молия ирсол мекунанд. Аммо Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб изҳор медорад, ки маблағ барои пардохти барқ вуҷуд надорад.

"Пул нест, барқ намешавад!"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Маъруф Ҷафарзода, сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ки "дар вақти таҳияи буҷа, моро бо соҳаи тандурустӣ даъво мешавад. Барои пардохтҳои барқ аз ҳисоби суратҳисоби махсусашон маблағгузорӣ намекунанд. Пулро барои таъмиру дигар хароҷотҳои бефоида харҷ мекунанд, аммо чизе, ки барои пешбурди кор ҳаст, дар он маблағгузорӣ намекунанд".

Ҳоло Озмоишгоҳи вирусологии марказ, ки яке аз муҳимтарин бахшҳои он ба шумор меравад, бо сабаби набудани барқ фаъол нест. Ба гуфтаи масъулин, таҷҳизоти нозуки озмоишгоҳӣ дар ҳолати бебарқӣ осеб мебинад.

Даврон Ахмедзода, мудири Маркази беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб афзуд, "таҷҳизоти озмоишгоҳи мо аз як миллион сомонӣ зиёд нарх дорад. Аз муассисаҳои тандурустӣ чӣ қадар реактив мегирем ва нигоҳ доштани он бидуни барқ осон нест".

Ба иттилои масъулон, дар шаш моҳи ахир ба буҷаи вилояти Хатлон 39 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Дар натиҷа, маблағгузории муассисаҳои буҷавӣ низ зери суол рафтааст. Раёсати молия ҳам сабаби таъхири пардохтҳоро маҳз дар ҳамин мебинад.

Масъулини Маркази беҳдоштӣ изҳор медоранд, ки дар чунин гармои шадид, сарнавишти реактивҳо ва озмоишгоҳҳои онҳо номаълум боқӣ мемонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG