Сокинони Тоҷикистон дар ним сол 269 миллион сомонӣ ҷарима супоридаанд

Дар нимаи аввали соли равон ба буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби ҷарима ва дигар муҷозотҳо, 269,4 миллион сомонӣ ё 28,2 миллион доллар ворид шудааст. Ин маблағ аз пешбинии мақомот 84 миллион сомонӣ ё 8,8 миллион доллар бештар будааст. Ин оморҳо дар як гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон нашр шудаанд. Радиои Озодӣ 27-уми июл бо ин гузориш шинос шуд.

Мақомот шарҳ надодаанд, ки дар нимаи аввали имсол сокинон бештар барои кадом қонуншиканӣ ҷарима шудаанд. Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз ҷаримаҳои зиёд ва ҳангуфт борҳо садо додааст.

Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, нақшаи даромади буҷаи кишвар дар нимаи аввали соли равон барзиёд иҷро шудааст. Дар ним сол ба буҷаи Тоҷикистон ба ҷойи 24,6 миллиард сомонӣ, 27,4 миллиард сомонӣ ворид шудааст.

Дар гузориши Вазорати молия омадааст, дар нимсолаи аввал ба ҷуз андоз аз фурӯш, нақшаи дигар намуд молиётҳо барзиёд иҷро шудааст.

Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби молиёт (андоз) ва боҷҳои гумрукӣ пур мешавад. Соҳибкорон борҳо аз андози баланд ва ҷаримаҳои ҳангуфт шикоят кардаанд.