Дар ним соли гузашта дар Қирғизистон 10 кӯдак аз бемории сурхакон, ки пешгирӣ аз он мушкил нест, ҷон додаанд. Шаш нафарашон тифлони то 1-сола будаанд. Ҳеч яке аз онҳо, ба гуфтаи табибон, ба зидди ин бемории хатарнок барои атфол ваксина нагирифта будаанд. То аввали моҳи июн дар Қирғизистон бештар аз 8000 мавриди сирояти сурхакон сабт шудааст.
Гулноз Юсуфқизӣ 15 рӯз аст, ки дар шифохона аст. Се духтарашро, ки ба сурхакон гирифтор шуданд, ҳамроҳӣ мекунад. Аввал бо духтари калониаш як ҳафтаро инҷо сипарӣ кард. Сипас бо ду духтари хурдиаш баргашт. Ҳеч яке аз онҳо ваксинаи сурхаконро нагирифта будаанд. Бо вуҷуди бемории сахт Гулноз мегӯяд, ки аз он ки иҷоза надод кӯдаконаш ваксина бигиранд, пушаймон нест.
Гулноз Юсуфқизӣ дар сӯҳбат бо ТВ "Настоящее время" гуфт: «Аввал ба далелҳои мазҳабӣ аз воксинзании духтарҳоям худдорӣ кардам. Дуввум ин ки таркиби ваксинаро намедонам, ба ман нагуфтанд, чӣ дорад. Ман ба касе намегӯям, ки ваксина бигирад, ё не, интихоб аз худи онҳост. Ман шунидаам, ки онҳое ҳам, ки ваксина гирифтаанд, бемор мешаванд».
Айни замон дар шӯъбаи бемориҳои сурхакон дар Шифохонаи ҷумҳуриявии сироятӣ 15 кӯдак муолиҷа мегиранд. Ҳеч яке аз онҳо ваксина нагирифта будаанд. Ба гуфтаи сартабиб Марина Давлатбоева, бисёре аз волидон баъди он ба эм кардани кӯдакон иҷоза медиҳанд, ки азоби онҳоро дар бистари беморӣ мебинанд. Аммо эмкунӣ дигар маънӣ надорад, зеро кӯдак аз беморӣ масуният пайдо мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хурофоти динӣ боиси афзоиши бемории сурхакон дар Қирғизистон шудааст
Марина Давлатбоева гуфт: «Дар байни мардум ин бовар ҳаст, ки ваксиншудагон ҳам бемор мешаванд, вале чунин нест. Агар кӯдак ваксина нагирифта бошад, табиист, ки бемор мешавад, аммо беморӣ ба кӯдакони ваксинагирифта аҳёнан сироят мекунад. Агар гирифтор ҳам шаванд, бемориро осон паси сар мекунанд, ва эҳтиёҷе ба антибиотик ва шифохона намемонад».
Ба гуфтаи табибон, сурхакон аксаран осон мегузарад, аммо метавонад, сабаби илтиҳоби мағз, нобиноӣ ва мушкилот дар роҳҳои нафас шавад. Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Қирғизистон гуфтааст, як сабаби асосии парҳез аз ваксинзанӣ боварҳои динӣ ва сипас тарс аз хатари онҳост. Бахтигул Қиличбекова, табиби кӯдакон мегӯяд, бисёре аз волидонро худи табибони оилавӣ аз ваксина метарсонанд ва дигар афсонаҳо дар бораи он аст. Аз ҷумла ақидаи нодуруст дар бораи маълул шудани кӯдакон.
Бахтигул Қиличбекова, табиби кӯдакон гуфт: "Кӯдакро аз пеш муоина намекунанд ва баъди шаш моҳ зимни ташхис маълум мешавад, ки фалаҷи мағзӣ дорад. Ваксинаи дуввумро баъди панҷ моҳ мезанем. Албатта онҳо кӯдакро дар шашмоҳагӣ муоина меоранд ва сипас маълум мешавад, ки ӯ фалаҷи мағзӣ дорад. Волидон ин дуро ба ҳам вобаста медонанд, вале намефаҳманд, ки то ин вақт аломатҳои беморӣ буд".
Бемории сурхакон бештар аз ҳама дар шаҳри Бишкек, вилояти Чуй ва Ӯш сабт шудааст. Рӯзона дар пойтахт то 8 мавриди нави сироят сабт мешудааст ва 94 дар сади гирифторон ваксина нагирифта будаанд.
Бурул Асиқбекова, мудири шӯъбаи иммунопрофилактика гуфт: "Мо бо онҳое кор мекунем, ки намехоҳанд ваксина бигиранд, то аҳамияти ваксинаро бифаҳманд. Волидоне ҳастанд, ки мефаҳманд, баъзе намефаҳманд ва худашонро ҳақ мешуморанд, Барои ҳамин кафолат нест, ки сурхакон аз байн меравад. Беморӣ замоне нобуд мешавад, ки одамон фаҳманд ва мутобиқи ҷадвал ваксин бигиранд".
Барои монеъ шудан ба сирояти густурда, то 95 дар сади кӯдакон бояд ваксина гирифта бошанд. Табибони Қирғизистон бим доранд, ки баъди бозгашти кӯдакон ба мактаб дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мумкин аст, сурхакон бо суръати бештаре доман паҳн кунад.