Хурофоти динӣ боиси афзоиши бемории сурхакон дар Қирғизистон шудааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ним соли гузашта дар Қирғизистон 10 кӯдак аз бемории сурхакон, ки пешгирӣ аз он мушкил нест, ҷон додаанд. Шаш нафарашон тифлони то 1-сола будаанд. Ҳеч яке аз онҳо ба гуфтаи табибон ба зидди ин бемории хатарнок барои атфол ваксина нагирифта будаанд.